ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дар даври охирин «Истиқлол» бо «Ал-Наср» ва «Персеполис» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин бозӣ ситораҳои футболи ҷаҳон, ба монанди Садио Мане, Андерсон Талиска, Марсело Брозович, Секо Фофана ва Криштиану Роналдо, ки дар ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ менамоянд, ба шаҳри Душанбе меоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар даври охирин- 5 декабри соли равон дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Персеполис»-и Эрон бо «Ал-Дуҳайл»-и Қатар байни ҳам рақобат менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки 27 ноябр бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Персеполис»-и Эрон баргузор шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Парк Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз доир гардида, бе задани гол мусовӣ анҷом ёфт. Дар бозии дигари гурӯҳ дар шаҳри Давҳа дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ду голи Олунга дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо шикаст дод.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал буда, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Дастаи «Персеполис»-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






