«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД». Ин китоб таърихи 30-солаи ташаккули давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Пешвои миллат фаро гирифтааст

Ноябрь 16, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ«Ховар»/. Миллати тоҷик дар масири беш аз се даҳсолаи Истиқлоли давлатӣ  бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдорӣ корҳое ба анҷом расонид, ки бархе аз халқу миллатҳои дунё   давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд. Дар таърихи давлатдории навини мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун роҳбари соҳибмактаб, арбоби давлатӣ, балки чун Пешвои ҳақиқии миллат эътироф гардидаанд.

Дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози гузариш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути амалӣ намудани сиёсати оқилонаю дурандешонаи иҷтимоию фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи таъриху тамаддуни бостонии миллӣ тавонистанд мардумро атрофи ғояҳои муттаҳидкунандаю пешбаранда ба ҳам биёранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари соҳибсалиқа буда, дорои  хулқу атвори хос ва сабру таҳаммул мебошанд ва тамоми душвориҳои  ғайри қобили тасаввурро ба хубӣ дарк менамоянд. Дар баробари ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои роҳбарӣ мактаби давлатдорие бунёд намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидаву мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, пешвои мушфиқ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, бо дӯсту душман забон биёбад, яъне бо дӯстон мурувват кунад ва бо душманон роҳи мадороро пеш бигирад, Тоҷикистонро ба мамлакати амну босубот, пешрафта ва намунаи давлатдории миллӣ табдил диҳад ва ин роҳбари хирадманду боирода- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуданд.

Дар чунин вазъият танҳо сарварони дорои истеъдоди фавқулода метавонанд масъулияти давлат ва мардуми онро ба дӯш бигиранд ва киштии давлатдориро дар шароити тӯфони пурдаҳшат ба соҳили умед расонанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш мегиранд, ҷумҳурӣ ва мардумро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд.

Мояи хушбахтӣ ва хушҳолӣ аст, ки таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон дар Академия 5 ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз чоп баромад, ки қатрае аз баҳри хизматҳои шоён ва беназири Пешвои миллат дар онҳо таҷассум ёфтааст. Силсилаи таҳқиқоти илмӣ бо унвони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик омода гардида, дар фарқият аз мақолаю китобҳое, ки дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расидаанд, ин як таҳқиқи илмии ҷомеаи академӣ мебошад.

Дар интишори китоб 116 нафар олимону донишмандон ва коршиносони масоили гуногуни соҳаҳои иқтисоди миллӣ мамлакат, аз ҷумла 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 22  ходими давлативу ҳизбӣ ва собиқадорони хизмати давлатӣ, 3  академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 24 докторанти илм, профессорон, 50 номзади илм ва дотсентон, 14 нафар ҳайати устодону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳм гузоштаанд.

Китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз 5 ҷилд, 21 боб, 147 зербоб ва 2360 саҳифа иборат буда,  барои мушаххас намудани фаъолияти давлатсозии Пешвои миллат қариб аз 1000 сарчашмаи илмӣ ва адабиёти гуногун васеъ истифода шудааст. Ҳамзамон 523 иқтибос аз суханрониҳо, баромадҳо ва паёмҳои Президенти мамлакат оварда шуда, зиёда аз 270 сурат, аз онҳо 58 акси алоҳидаи Пешвои миллат бо назардошти муҳтавои мақолаҳои илмӣ ва далелҳои раднопазир истифода гардидаанд.

Муаллифон бо истифода аз назарияи давлат ва давлатдории муосир, назарияи нақши шахсият дар таърихи давлатдорӣ, ба кор гирифтани усулҳои мухталифи таҳқиқоти илмӣ марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди таҳқиқи илмӣ ва амалӣ қарор додаанд.

Таҳқиқот дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи қариб 30-солаи ташаккули давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Сарвари он фаро гирифтааст. Дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ ва аз байн рафтани низоми давлатдории гуногун омӯзиши ин масъала аҳамияти бештар пайдо намуд.

Дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳову таҳқиқот ин асари бунёдии илмӣ-назариявӣ аз далелҳо, хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат, созандагиҳову бунёдкориҳо сарчашма гирифта, аз нахустин минбари мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғоз гардида, марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдории миллии моро дар бар мегирад. Дар ин асари бунёдӣ марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдории миллӣ инъикоси пурраи коршиносии худро пайдо намудааст.

Китоб давраҳои таърихиро аз марҳилаҳои Иҷлосия, таъсиси институти президентӣ, низоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва марҳила ба марҳила рушд ёфтани давлатдории миллии тоҷикон дар бар мегирад.

Яке аз падидаҳои нодири ин асари илмӣ дар он зоҳир мегардад, ки бевосита иқтибосҳо, паёмҳо ва расмҳои таърихӣ аз вохӯриву суханрониҳои Пешвои миллат ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар баробари асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров панҷ ҷилди китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» ҳамчун асари бунёдӣ барои рушди давлатдории миллии мо дар таърихи навини тоҷикон то садсолаҳо хизмат менамояд.

Воқеан, хизмати бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдорӣ ба даст оварда, пеши роҳи оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуда, бунёди сулҳи миллиро матраҳ сохтанд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварда, ваҳдати миллӣ ва эҳёи онро амалӣ ва эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Бешубҳа, ин китоб таърихи ҷомеаи Тоҷикистони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки бо мактаби давлатдорӣ, хирадгароӣ ва одамияти Пешвои миллат пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар умум гуфтан мумкин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, баҳри бартараф намудани масъалаҳои ҷаҳонӣ ва хатарҳои умумибашарӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд, ки обрӯ ва эътибори мактаби давлатдории Пешвои миллатро боло бурдааст.

Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор 

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад