Маркази вилоятии саратоншиносӣ дар шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти ташхисӣ ва табобатӣ таъмин гардид

Ноябрь 18, 2023 08:48

ДУШАНБЕ, 18.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ,  тақвияти марказҳои саратоншиносӣ ва рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ аз ҷониби  Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Маркази вилоятии саратоншиносӣ дар шаҳри Кӯлоб  таҷҳизоти ташхисӣ (ултрасадо) ва табобатӣ (рентгентерапия) тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд. 

Зимни баргузории маросими супоридани таҷҳизоти муосири тиббӣ муовини директори Агентӣ Матин Ахмедов ва мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Олимҷон Азизов – ҳамчун ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ доир ба рушди илми тиб истифодаи таҷҳизоти рақамии соҳаро дар самти ташхис ва пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни  саратоншиносӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Сардухтури  Маркази вилоятии саратоншиносӣ дар шаҳри Кӯлоб Наврӯзҷон Холматов, пас аз қабули таҷҳизоти муосири тиббӣ, дар хусуси бемории саратон ва шаклҳои гуногуни он аз нигоҳи илми саратоншиносӣ изҳори назар намуда, дастрас гардидани таҷҳизоти муосири тиббиро дар ин самт қадами мусбат дар самти ташхису табобати ин беморӣ арзёбӣ намуд.

Татбиқи лоиҳаи миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ  тақвияти кори марказҳои саратоншиносӣ ва   рушди хизматрасонии ташхисии марказҳои саратоншиносӣ,  сатҳу сифати хизматрасониҳои ташхисию табобатии бемориҳои саратоншиносиро дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  боз ҳам беҳтар менамояд.

Солҳои оянда дар доираи ин лоиҳа хариди дигар таҷҳизоти ташхисию табобатӣ ва омӯзонидани кормандони касбии Маркази вилоятии саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2023 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид