МЕЪМОРИ СУЛҲ. Президенти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чеҳраи дунёи сиёсат эътироф гардидаанд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 90-уми қарни гузашта тағйири вазъи сиёсӣ дар собиқ мамлакатҳо ба оғози раванди бозсозӣ, муҳайё гардидани гуногунандешӣ, озодии баён, ошкорбаёнӣ ва ба як ибора, афзалиятбахшӣ ба арзишҳои демократӣ рабт гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳо Эъломияи Истиқлолияти давлатии худро ҳангоме ба имзо расонд, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ хеле муташанниҷ буд ва бадхоҳону душманони миллати тоҷик мехостанд ҳадафҳои нопоки худро дар амал татбиқ созанд. Зарурати ногузир аст, ки ин ҳама бояд бо далели қонеъкунанда тафсир ёбад, то мардум дӯсту душмани худро шиносад, аз ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, ки муҳтарам Пешвои миллат мунтазам ҳушдор медиҳанд, бархӯрдор бошад. Чунин нигоштааст зимни матлаби хеш Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода.
— Бадхоҳони миллати мо нақшаи хешро қабл аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дақиқтараш моҳи феврали соли 1990 амалӣ намуда, вазъи сиёсии мамлакати моро ноором сохтанд, мардумро ба майдон кашиданд, бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд ва хуни инсонҳои бегуноҳро рехтанд. Сар задани ҳодисаи баҳманмоҳи соли навади қарни гузашта бадхоҳони миллати моро мутмаин сохт, ки метавонанд зина ба зина ҳадафҳои нопоки хешро дар амал татбиқ намоянд. Бо баҳонаҳои гуногун онҳо борҳо мардумро ба майдон оварданд, гирдиҳамойиҳо намуданд ва билохира, онро ба ду гурӯҳ қисмат сохта, ба ҷаҳониён якеро ҳаводори давлати исломӣ ва дигарро тарафдори давлати дунявӣ муаррифӣ намуданд. Бо ин қонеъ нагардида, муқовимати сиёсии тарафҳоро тадриҷан ба муқовимати мусаллаҳона табдил дода, барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам оварданд. Вазъият торафт тезутунд мегардид ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аланга мегирифт. Мардуми табиатан орому ботамкинро, ки ҳамзистии осоишта давоми қарнҳо пиндораш буд, даҳшат фаро гирифту ба сарсониҳо афтод. Бархе роҳи наҷотро дар тарк намудани хоки аҷдодӣ диданд. Ҳастии миллату давлати ба тозагӣ истиқлолёфтаро хатари нестӣ таҳдид менамуд.
Дар ҳамин шабу рӯзи фалокатбор, моҳи ноябри соли 1992, бо ташаббуси онҳое, ки нисбат ба тақдири миллати хеш бетараф набуданд, дар назди тақдири халқи хеш эҳсоси масъулият доштанд, иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Халқи Тоҷикистон бо чашми умед ба ин иҷлосия менигарист. Интизор буд, ки он метавонад қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, омили ба эътидол омадани вазъият, василаи поягузории давлати навини тоҷикон гардад. Дар он айёми барои давлату миллат сарнавиштсоз на ҳар кас ҷуръат дошт зимоми давлатдории мамлакатеро, ки ҳама сохтораш аз фаъолият мондаву фалаҷ гашта буд, ба даст бигирад.
Касе барои ба маснади Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб гардидан розӣ гардид, ки бо амалу суханрониҳояш мардум аллакай ӯро дӯст дошта буд ва дар симои ӯ наҷотбахши хешро медид. Он касро фарзонагӣ, ҷасорату шуҷоат, дарки масъулияти бузург, ҷоннисорӣ, бетараф набудан нисбат ба сарнавишти миллату давлати хеш водор сохтанд, ки бори гарони чунин масъулияти бузургро бар дӯш гиранд. Он кас хуб медонистанд, ки бунёди давлати навин, ба эътидол овардани вазъият, хотима бахшидан ба ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ва муҳайё сохтани зиндагии осоишта кори саҳлу осон нест, аммо виҷдону имон, аз ҷон бештар дӯст доштани мардум ва хоки аҷдодӣ, нангу номус, дар назди насли оянда эҳсоси масъулият доштанашон водор сохтанд, ки бо такя бо хиради халқ барои амалисозии ормонҳои миллӣ, ки муҳимтаринаш аз вартаи нестӣ берун овардани давлату миллат буд, камари ҳиммат банданд.
Баъдан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар мавриди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «…Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва ҷумҳурӣ харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи поки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам…».
Он лаҳзае, ки Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбар фаромада, дар назди Парчам бо нишони арҷгузорӣ онро бӯсида, ба рӯй молиданд, бисёр такондиҳанда буд ва кулли мардуми ҷумҳурӣ, ки ин манзараро тавассути телевизион тамошо менамуд, дарк намуд, ки бесоҳиб нест ва бо чунин роҳбари хирадманду дурандешу ҷонфидову дилсӯзи миллату давлати хеш ӯро ояндаи дурахшон интизор аст.
Раиси Шурои Олӣ дар муроҷиати худ ба мардуми ҷумҳурӣ чунин иброз доштанд: «…Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат намуда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд менамоям, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона сохта, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат менамоям. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Роҳбари давлат бо талошҳо ва ибтикороти хеш ба ваъдаи додаашон содиқ будани худро дар кӯтоҳтарин муддат собит сохтанд. Маҳз хирадмандӣ, дурандешию ояндабиниашон буд, ки дар ибтидо ба ҳалли масоиле даст заданд, ки барои ҳифзи миллату давлат мубрам маҳсуб меёфтанд: дархости ёрӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар қаламрави мамлакат, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори ташкилоту муассисаҳову корхонаҳо, зина ба зина рушд додани сохтори мухталифи хоҷагии халқ ва ислоҳоти онҳо, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба аҳолӣ тақсим намудани замин, таҳия намудан ва рушди қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ, таъсис додани артиши миллӣ, пайвастан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо дигар давлатҳо, сари мизи музокирот хондани мухолифин, эълони сиёсати “дарҳои боз”, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ нафароне, ки дар мухолифатҳои сиёсӣ дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир намуда буданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудан, ба собиқ мухолифин мансабҳо додан, мушкилоти тоҷиконро бо роҳи мусолиҳа ҳал намудан, то ин ки сулҳро барқарор намоянд. Ин ҳама бо душворӣ ҳам бошад, дар амал татбиқ гардид.
Агар дигар ҷумҳуриҳо то соҳибистиқлолияшон мерос гирифта, соҳиби қисмҳои низомию техникаю ниҳодҳои таълимии ҳарбӣ гардида бошанд, бар асари даргириҳои дохилӣ ҷумҳурии азизи мо аз ин бенасиб монд ва артиши мо бе ҳеҷ як замина, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи холӣ ташкил ёфт, ба вазъияти ногувору душвориҳои сиёсию иқтисодӣ нигоҳ накарда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Гуфтушунид ва музокирот бо мухолифин оғоз ёфт, ки дар ин раванд Роҳбари давлат ташаббус нишон додаву аввал иқдом намудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳдиди хатар ба ҷонашонро нодида гирифта, манфиати миллату давлатро дар мадди аввал гузошта, худ барои мулоқот бо сарварони мухолифин ба мавзеи Хустдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуданд, ки ин далерию шуҷоат ва сарсупурдаи миллат буданашонро барои ҳамагон бори дигар собит сохт. Иқдоми наҷибу ҷавонмардонаи дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шабу рӯзе, ки нооромию даргириҳо идома дошт, он буд, ки барои мулоқот бо мардум ба манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ сафар намуда, рӯ ба рӯ бо халқи худ суҳбат менамуданд, вазъи ногувору сарнавиштсозро таҳлил мекарданд, тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро тавзеҳ дода, даъват ба миён меоварданд, ки бо Роҳбари давлат ва Ҳукумат бошанд, ба хотири наҷоти давлати тозаистиқлоли худ, кинаву адоватро яксӯ гузоранд, хешро дар назди насли оянда сархам насозанд, ба ҷаҳониён собит созанд, ки мо миллати ҷангҷӯ нестем, миллате ҳастем, ки таърихи куҳан дорем, рисолати инсондӯстӣ дорем, фарзандони миллати мо дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми бориз доранд ва мо аз уҳдаи давлатдорӣ мебароем.
Маҳз ҳамин мулоқотҳо буданд, ки боис ба тағйири назари афроди ҷангҷӯй гардиданд ва дар атрофи Роҳбари давлат ҷамъ омаданд, музокироту гуфтушуниди тарафҳо сурати дигар гирифт ва бо гузашти чаҳор соли пур аз ҷонбозиҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Роҳбари хирадманди худ аз санҷишу имтиҳони сахти таърих сарбаландона гузашт, хатари маҳвшавӣ рафъ гардид, пайи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саъю талошу кӯшишҳои беназир доир шуданд.
Роҳбари давлат тавонистанд бо сафарҳои расмию корӣ ба давлатҳои дигар ва суханрониҳо аз минбарҳои баланди ҷамъияту созмонҳои сатҳи байналмилалӣ диду назари ҷаҳониёнро нисбат ба мо-тоҷикон дигар намоянд. Бо ин васила дар ҳаёти ҷумҳурӣ марҳилаи нав, марҳилаи бунёдкорӣ оғоз ёфт.
Давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои маъмурӣ, таълимгоҳҳои сатҳи олӣ, боғчаву мактабҳо, кохҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ сохтаву ба истифода дода шуда, навсозии роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон Чанок, Душанбе-Саритош-Ӯш, бунёди нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак ба роҳ монда шуда, барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат иқдоми наҷиб амалӣ шуданд, ки дар таърихи халқи тоҷик собиқа надоранд.
Мояи ифтихори миллати тамаддунофар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, паёмовари матини сулҳу ваҳдат, бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ, ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии дунё гардидаанд. Унвони баланди «Пешвои асри XXI», «Меъмори сулҳ» ва дигар унвонҳои бонуфуз мояи ифтихору сарбаландии Ватани азизи мо ва тоҷикони дунё мебошад. Мо бо сарварии Пешвои миллат ба ояндаи пурифтихори Тоҷикистон боварии комил дошта, бо итминони комил гуфта метавонем, ки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷрои саривактии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва рушди қонунгузории ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқшиносӣ
АКС: АМИТ «Ховар»