Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 114-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 114-уми Шурои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим — ҳаракатнокии инсон: даъвати глобалӣ барои ҳалли мушкилот» баргузор гардид, ки дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гулнора Ҳасанзода дар баробари тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон таъкид дошт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона қатъномае ба тасвиб расонд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Пешниҳоди дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 153 давлати аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Бо назардошти ин, Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ нисбат ба ин масъалаи муҳим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва инчунин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян ва барои мусоидати ҳифзи он дар СММ Фонди махсуси эътимоднок таъсис дода шавад.
Дар ин ҳошия Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо руҳбаландӣ иброз дошт, ки “мо ифтихор дорем, ки давлатҳои аъзои СММ пешниҳоди Президенти маҳбуби моро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, давраи басе ҳассоси бо таъсири иқлим обшавии босуръати пиряхҳоро, ки ба муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъсири манфӣ дорад, эътироф сохта, қатъномаи созанда қабул намуданд».
Ҳадаф аз баргузор шудани ҷаласа баррасӣ ва табодули афкор оид ба дарёфти ҳалли мушкилоти масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити таназзули муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хатари офатҳои табиӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа Гулнора Ҳасанзода бо роҳбарони навтаъйини Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Созмони байналмилалии меҳнат мулоқот намуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






