НОМАИ БАХТИ МИЛЛАТ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз собит гардидааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад ва бо назардошти рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷиҳати тақвияти меъёрҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид мегарданд. Ҳар гоҳе таҷлили Рӯзи Конститутсия наздик мешавад, беихтиёр андеша моро ба замони қабули он мебарад, ёди он рӯзҳои барои миллати шарафманди мо басе сахту душвор дар зеҳн равшан мегардад. Зеро дар он рӯзҳо вазъ ниҳоят ҳассосу мураккаб ва тамоми талошҳо барои баэътидол овардани он равона гардида буд,-чунин нигоштааст Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода дар матлабе, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардид.
— Қабл аз ҳама, собит гардид, ки ҷанги дохилии ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта дар мамлакати мо таҳмилӣ буда, дар асл мо миллати куҳану фарҳангпарвару дорои таърихи қадиму адабиёти пурғановате ҳастем, ки абармардони миллатамон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштаанд. Дар ҳаон давраҳо халқи тоҷик мебоист ҳарчи зудтар эътимоду эътирофи ҷомеи ҷаҳониро нисбат ба худ ба даст меовард. Бо ҳамин мақсаду ҳадафи нек ва ба оянда умедворкунанда Роҳбари тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нахустин бор ба забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва мақсаду мароми неку созандаи давлати моро ба самъи ҷаҳониён расониданд ва назари онҳоро нисбат ба мардуми ҷумҳурӣ ва давлати тозаистиқлоламон тариқи мусбат тағйир доданд.
Он рӯзҳо дар қатори ба ифоқа овардани тарафҳои даргиру баргардонида овардани гурезаҳо, ҳамчунин қабули Конститутсия низ аз тадбирҳои басе муҳим арзёбӣ мегардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши беназир ва садоқату вафодорӣ ба миллату давлати хеш, сарфи назар аз вазъияти басе мураккабу печида тавонистанд, ки ин тадбирҳои барои халқи азизамон сарнавиштсозро дар амал татбиқ намоянд.
Имсол аз қабули Конститутсияи давлати навини мо бисту нуҳ сол сипарӣ мегардад, Конститусияе, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои давронии соҳибистиқлолимон эътироф гардидааст.
Метавон иброз дошт, ки барои таҳия ва қабули он наздик ба чаҳор сол пушти сар шуд. Манзурам ин аст, ки Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз тарафи Совети Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 қабул гардид, вале ҳанӯз ҳамон замон Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дохил мешуд ва ҳамин падидаи сиёсӣ барои омодасозии лоиҳаи нави Конститутсия асоси ҳуқуқӣ гардид. Бо ин мақсад моҳи августи ҳамон сол ҳайати корӣ таъсис ёфта, ба кор шуруъ намуд. Давоми як сол лоиҳаи Конститутсия омода гардид, вале сар задани нооромиҳо боис ба он гардид, ки қабули он ба таъхир афтад. Билохира, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эълон гардид. Орзуи деринтизори миллатамон ҷомаи амал пӯшид ва мо соҳибдавлат гаштему бароямон имкон муҳайё гардид, ки ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намоем. Бо назардошти ин падидаи сиёсии таърихӣ мебоист, ки лоиҳаи Конститутсияи давлати ба тозагӣ истиқлолёфта аз нав омода гардад ва соли 1992 ҳайати нави корӣ таъсис ёфт. Лоиҳа аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида борҳо бозбинӣ гардида, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ, ки дархӯри замон буданд, ворид шуданд ва мебоист ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешуд, вале сар задани ҷанги таҳмилӣ боиси он гардид, ки ин тадбир амалӣ нагардад. Бо гузашти соле аз миён аз сари нав ба масъалаи мавриди назар руҷуъ шуд ва дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд. Вобаста ба шакли идоракунии давлатӣ ду лоиҳа–шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ таҳия гардид. Баъди баррасиҳо лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ қобили қабул дониста шуд ва қабл аз қабул тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. Билохира, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид. Ин маънои онро дошт, ки аксарияти мардуми ҷумҳурӣ раъй доданд, ки сарнавишти ояндаи худ ва давлати соҳибистиқлоламон дар чаҳорчӯби ҳамин Конститутсия барномарезӣ шавад. Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи мавриди назарро Конститутсияи мардумӣ мегӯянд ва ҳар сол рӯзи қабул гардиданашро таҷлил менамоем.
Мавриди тазаккур аст, ки моддаи 1 Конститутсия давлати моро бо сифатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Як ҷиҳати фарқкунандаи он аз дигар конститутсияҳои қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки аз як сӯ волоияти меъёрҳои қонун, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар менамояд, аз сӯйи дигар вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро мушаххас менамояд.
Маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро ифода намуда, ҷаҳониён ҷумҳурии моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз шинохтанду эътироф намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки омили мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи мамлакати мо дар мақоми аввал меистад. Боби 2 Конститутсия ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ном дорад ва 34 моддаи Конститутсия ва ё аз се як ҳиссаи он ба ин мавзуъ бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Дар моддаҳои 5 ва 14 омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд».
Дар мамлакати мо намояндагони дигар миллатҳо низ ҳаёт ба сар мебаранд, Тоҷикистонро ватани худ медонанд ва соҳиби забони хеш ҳастанд. Аз ҳамин лиҳоз, мавқеи корбурди забон ба таври мушаххас дар моддаи 2-и Конститутсия муайян гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Бо асосҳои дар боло гуфташуда Конститутсияи мо аз тарафи коршиносону мутахассисони дигар давлатҳо баҳои баланд гирифта, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои худ эътироф намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати мустақил аз тарафи 192 давлат эътироф гардида, бо 183 мамлакат муносибатҳои дипломатӣ дорад ва ҳамзамон узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳамзамон иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, пас аз интишори расмӣ амал менамоянд».
Конститутсия кафили пойдории ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дар ҷомеа буда, сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат амалӣ менамояд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия
АКС: АМИТ «Ховар»