ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Доварони бозиҳои интихобӣ бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Номи доварон, нозирон ва комиссароне, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 оид ба футбол бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон фаъолият менамоянд, маълум шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ менамояд.
Довари марказии бозӣ довари 46-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қаисӣ таъйин шуд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Довуд Ҳусейн Ал-Виндавӣ кумак менамоянд. Вазифаи довари эҳтиётиро Зайд Темур Муҳаммад иҷро менамояд. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат менамояд, Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ таъйин гардид.
Ин бозӣ 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.
Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Покистон ва Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Ҷопон доварӣ менамояд.
Юсуке Араки довари марказӣ таъйин шуд. Ҷун Михара ва Кота Ватанабе ба ҳайси ёвар фаъолият менамоянд. Довари эҳтиётӣ Дуй Лан Нго аз Ветнам таъйин гардид. Кадҳум Ауда Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ мешаванд.
Бозии дастаҳои Покистон – Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






