Овозхони тоҷик Фаррух Ҳасанов дар озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и Телевизиони «Россия-1» ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарояндаи 25-солаи тоҷик Фаррух Ҳасанов дар 5-умин мавсими ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Россия-1» хабар медиҳад.
Озмуни мазкур маротибаи 5-ум аст, ки дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8 сентябри соли 2023 оғоз гардид. Фаррух дар финал маҳорати баланд нишон дода, доваронро дар ҳайрат гузошт ва соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.
Ба ҳунари волои сарояндаии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филип Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.
Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.
«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», -гуфт ў .
Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид. Ба озмуни мазкур бо талошу ва пешниҳоди устодаш сарояндаи машҳур Зафар Абдуалимов иштирок намудааст.
Фаррух Ҳасанов ҳамзамон соли 2022 сазовори ҷоизаи озмуни миллии «Tarona Music Award» гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






