Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш дар Ашқобод соҳиби чор медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро 7 варзишгар муаррифӣ намуда, ба гирифтани 4 медали биринҷӣ сазовор шуданд. Инҳо Муслимбек Каримов дар вазни то 60кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100кг мебошанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг дар даври аввал бар намояндаи Ироқ – Муҳаммад Кадҳим пирӯз гардида, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм Ҳақназар дар як рақобати хеле мушкил аз паҳлавони қирғиз Жамалбек Асюлбек Уулу ноком шуда, мусобиқаро бе натиҷа ҷамъбаст намуд. Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Муҳаннад Аласмарӣ аз Арабистони Саудӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар намояндаи Юнон — бо бартарии имтиёзи як чалла пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Фирдавс аз намояндаи Узбекистон – Ҷамшед Маҳмадраҳимов мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни ҷамъи 100 кг дар як рақобати мушкил бар Бекполот Тогтогонови қирғиз дар даври аввал зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Хуршед бар намояндаи Доминикан ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Хуршед аз намояндаи Эрон – Абдулфаз Торобӣ мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Варзишгаронони тоҷик Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг ва Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг пас аз ду ғалаба дар даврҳои сеюм аз ҳарифонашон мағлуб гардида, аз идомаи ҳунарнамоӣ дар мусобиқа маҳрум гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






