ПАРЧАМИ СУРХУ САФЕДУ САБЗ ДАР АЙВОНИ МО! Дар Хатлон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 24, 2023 15:02

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳи идона доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Қисмати аввали ҳамоиш бо роҳпаймоии иштирокчиён оғоз шуд. Ҳозирин аз терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар то майдони Исмоили Сомонӣ бо шиору овезаҳо, руҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Қисмати дигари ҷамъомад дар майдони Исмоили Сомонӣ доир шуд. Раиси вилоят изҳор дошт, ки имрӯз сокинони шарафманди Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи мамлакат 31-солагии қабули Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.


«Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, «Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳзаҳои арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бо эҳсосоти фарогир доир шуданд. Сарвари ҷавони мамлакат ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаи тоҷикон ба хотири садоқату вафодорӣ парчами давлати навини тоҷиконро бӯсиданд».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Он аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат буда, ҳар кадом ифодакунандаи мафҳумҳои хоси худ мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ноябрь 24, 2023 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид