ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ. Дар Хадамоти гумрук ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба маҷлисгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ ҷаласаи тантанавӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳодати ҳастии миллат, рамзи давлати комилҳуқуқу озод, нишон аз ҷумҳурии соҳибистиқлол ва вуҷуд доштани давлати пойдору устуворе бо номи Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории миллати куҳанбунёди мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ намуда, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Мояи сарфарозии мардуми тоҷик аст, ки давоми 31 сол дар баробари садо додани Суруди миллӣ ба ҳангоми дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар мамлакатҳои гуногуни олам рамзи муқаддаси миллӣ- Парчами давлатӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум, рамзи садоқат ва фахру ҳувият мақому мартабаи махсусро доро буда, таҷассумгари ифтихору номуси ватандорӣ, мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон мебошад.
Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ созем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






