ПЕШГИРИИ САДАМАҲО. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар мавзуи таъмини бехатарии роҳҳо машварат доир намуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисодиёти мамлакати мо ва умуман ба ҷомеа зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд. Сеяки ҳалокшудагонро дар садамаҳои нақлиётӣ одамони синни фаъолтарини қобили меҳнат (26-40 сола) ташкил медиҳанд. Тақрибан 20 фоизи осебдидагон бар асари садамаҳои нақлиётӣ маъюб мешаванд. Ин матлабро муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода дар машварате, ки дар Душанбе дар мавзуи «Бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таҷдиди истифодаи роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Машварат аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) доир шуд.
Дар машварат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи маҷмааи нақлиётии мамлакат, аз ҷумла сохтмону таҷдиди пурраи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард, сохтмони нақбу пулҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,2 миллиард доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст. Дар оянда барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҷалби тақрибан 7,3 миллиард доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ҳамарӯза беш аз 3500 нафар дар роҳҳо ба ҳалокат мерасанд. Ҳамзамон тақрибан 50 миллион одамон ҷароҳат мебардоранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло маъракаи иҷтимоии «Даҳсолаи амал оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, солҳои 2021-2030» – ро мавриди иҷро қарор дода, ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2030 на камтар аз 50% марг ва ҷароҳатҳои дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рухдодаро пешгирӣ намояд.
Мутахассисон тахмин мезананд, ки зарари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард аз зарари ҳамаи дигар садамаҳои нақлиётӣ (ҳавопаймоҳо, киштиҳо, қатораҳо ва ғайра) бештар аст.
Гуфта шуд, ки барои истифодаи дарозмуддат ва бехатари роҳҳои автомобилгард бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ободонии роҳҳо аҳамияти муҳим доранд. Садамаҳои нақлиётӣ хатари ҷиддӣ ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва сабаби асосии марг дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Дар машварат намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тазаккур доданд, ки бисёре аз ин талафотро тавассути бехатар намудани роҳҳо ва мошинҳо, инчунин ташкили роҳҳои пиёдагард, велосипедронӣ ва мусоидат ба рушди инфрасохтори нақлиёти роҳ пешгирӣ намудан мумкин аст.
Дар машварат ҳамчунин оид ба талаботи ислоҳоти амалии идоракунии дороиҳои роҳ дар Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ сухан гуфта шуд.
Дар машварат намояндагони тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла Бонки миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки Осиёии рушд (БОР), Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Барномаи беҳтар намудани роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) ба ноил шудан ба афзалияти асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат менамояд.
Ҳадафи марҳилаи чоруми БРАМОМ баланд бардоштани самаранокии савдои фаромарзӣ ва таҳкими устуворӣ ва бехатарии инфрасохтори алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, густариши мубодилаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он- дар масири Роҳи Абрешим мебошад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






