«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ ва ё Президент, балки пеш аз ҳама, ҳамчун сулҳофар ва эҳёгари арзишҳои давлатдории миллӣ сабт гардидааст. Заҳмату талош ва кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки дар солҳои бисёр душвори ҷанги шаҳрвандӣ ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамдилии шаҳрвандони мамлакат таъмин гардида, дар ниҳоят сулҳу ваҳдати миллӣ тантана намуд».
«Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат, пеш аз ҳама, аркони давлатдории миллиро устувор намуда, заминаи меъёриву ҳуқуқии давлати навини Тоҷикистонро поя гузоштанд. Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи давлати миллии тоҷикон ва эътирофи байналмилалии он бағоят бузург буда, обрӯву эътибори имрӯзаи вай дар миқёси ҷаҳонӣ далели возеҳи гуфтаҳои боло аст»,-афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва собиқадори хизмати давлатӣ Рафиқа Мусоева таъкид дошт, ки «Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии ҷумҳурӣ ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Муҳимтарин рисолате, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд, ин интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи қабули рамзҳои давлатӣ, махсусан қабул ва ислоҳоти Конститутсия ва қонунгузорӣ низоми нави давлатдориро дар фазои ҷумҳурӣ ба вуҷуд овард».
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ», «Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» ва «Пешвои муаззами миллат – роҳнамои мо ҷавонон» маърузаҳо ироа гардид.
Ҳамчунин дар ҳошияи ҳамоиш бо ташаббуси факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия аксияи табрикотӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳамчун рамзи қадршиносиву самимият ва муҳаббат ба Роҳбари давлат асарҳои «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон тақдим гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






