САҲМИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН. Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҷмааи «Шарқи озод» тибқи нақшаи кории Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрванон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон иброз гардид, ки воситаҳои ахбори омма дар сохтори ҷомеаи муосир мавқеи хоссаро ишғол намуда, омили асосии ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсии мамлакат мебошад. Имрӯзҳо воситаҳои ахбори омма субъекти фаъоли ҳаёти сиёсӣ буда, дар ин мақом воқеан дорои захираҳои тавонои таъсири сиёсӣ гардида, ба яке аз воситаҳои асосии раванди сиёсӣ табдил ёфтааст.
Вобаста ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлати соҳибистиқлол- доштани Конститутсияи муайянкунандаи моҳияти шакли сохтори давлат, назму арзишҳои меҳварии ҷомеа ва сатҳи тараққиёти низоми сиёсӣ мебошад.
Конститутсия ҳамчун шоҳқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаи асосии қонунгузории мамлакат моро водор месозад, ки онро эҳтиром ва дар ҳаёт татбиқ намоем.
Ҳамзамон изҳор шуд, ки воситаҳои ахбори омма яке аз ниҳодҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ буда, аз бисёр сохтор ва ҷузъҳо иборат мебошанд, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷаҳон иттилоот мегиранд. Воситаҳои ахбори оммаро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳамчун ҳокимияти «чорум» меноманд. Ҳокимияти чорум ном гирифтани он аз он хотир аст, ки дар баробари се шохаи ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа таъсири муайяне дорад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун институти муҳими ҷамъиятӣ якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд. Аз ҷумла, огоҳонидани мардум аз ҳаводису воқеоти гуногуни мамлакат ва ҷаҳон, иҷтимоикунонӣ ва ташаккулдиҳии шуури мардум, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Инчунин дар мавзуи «Инсонмеҳварӣ ва адолати судӣ дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша шуд.
Дар моддаи 2 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки адолати судиро судҳо ба амал мебароранд. Қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, ки суд адолати судиро тавассути баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҷаласаҳои судӣ амалӣ мегардонад.
Дар анҷом ба як гурӯҳ ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






