«САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ — САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ». Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Ноябрь 16, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зери  унвони «Садоқат ба Президент -садоқат ба миллат аст» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагон  Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки  давраи навини қонунгузории мамлакат маҳз аз ҳамин рӯз дар иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст.

«Дастоварди муҳиму беназири Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ интихоб намудани роҳбарияти нави сиёсии мамлакат таҳти сарварии шахсияти нотакрор, далеру шуҷоъ ва сарсупурдаи Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоиву ҷоннисориҳои он кас ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷашни пурифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки на танҳо рушди ҷаҳонбинию анъанаҳои мардумро афзун менамояд, балки хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллатро дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани мамлакат аз буҳрони сахти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ тақвият мебахшад.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору баланд гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус доранд.

Иброз шуд, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, тавсия ва ҳидоятҳои ин абармарди нотакрор ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳазорсолаҳо хизмат менамоянд.

Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат дар сарнавишти мардуми тоҷик саҳифаҳои нав кушода, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯи миллати куҳанбунёди тоҷикро баланд бардоштаанд, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Ҳамчунин дар назди ҳозирин роҷеъ ба нақши Президент дар таҳкими сулҳу субот ва   хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода,  вакилони Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ,  Фазлиддин Икромӣ ва мушовири калони муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Марҳабо Азимӣ сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид