Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Улан-Батор вохӯрии роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон Барно Саидвализода бо намояндаи парлумони Муғулистон Оюунсайхани Алтангерел баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистонро баррасӣ намуда, доир ба имконияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Муғулистон бар пояи эҳтироми ҳамдигар, эътимоди мутақобил ва ҳавасмандии муштарак ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ рушд ёфта, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими ин раванд нақши муҳим дорад.
Барно Саидвализода зарурати тақвияти муколамаи байнипарлумонӣ, тавсеаи табодули ҳайатҳои парлумонӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории кумитаҳои доимӣ ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду давлатро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар ин замина нақши сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда таъкид гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавононро баррасӣ намуданд. Изҳор шуд, ки рушди робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони ду кишвар мебошад.
Инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории занони парлумон ва ҷавонон, густариши ҳамоҳангӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






