Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкорӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Русия» ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор доир шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд






