Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд

Ноябрь 28, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд.

Сарвари давлат дар ин замина иброз намуданд, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.

Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд.

Президенти мамлакат инчунин муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуданд.

Пешвои миллат ҳамчунин мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Русияро иброз намуданд.

Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат махсус таъкид доштанд, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.

Мулоқот бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Кувайшев 28.11.2023

Ноябрь 28, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд