СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид

Ноябрь 3, 2023 09:23

ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Дар форум ширкатҳои бонуфузи ҳарду давлат, хусусан дар самти саноат, энергетика, кишоварзӣ иштирок намуданд. Мақсади баргузории форум- тақвияти ҳамкории дуҷониба байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин дар самтҳои дар боло гуфташуда ба шумор меравад.

Баъд аз анҷоми форум маросими ба имзорасии якчанд санад байни донишгоҳҳои ҳарду ҷониб доир шуд.

Дар ҷараёни форум иброз гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 9 моҳи соли равон ба 1065 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 100 млн доллар ё 10,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 20,7 фоизро ташкил намуда, мавқеи 2-юмро ишғол менамояд.

Дар зер суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форум манзур мешавад.

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2023 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз бозии таърихии футболбозони Тоҷикистон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе
АМИТ «Ховар» аз ҷараёни таҷлили ҷашни Сада дар шаҳри Турсунзода суратгузориш пешниҳод менамояд
«EXPO 2023 DOHA». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ифтитоҳи Рӯзи миллии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. АМИТ «Ховар» доир ба ободкорию созандагӣ дар пойтахти Тоҷикистон суратгузориш пешниҳод менамояд
СУРАТГУЗОРИШ. Дар шаҳри Минск ҷаласаи ХХХ Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ доир гардид
АМИТ «Ховар» аз ҷараёни Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» суратгузориш пешниҳод менамояд
««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун пешниҳод мегардад
НОНИ ДУЮМ. Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он баргузор шуд
ТУ РАМЗИ ТОҶИКИСТОНӢ! Суратгузориш аз таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Душанбе
ПАРЧАМИ ТУ АЗ ҲАМА БОЛОТАР АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба пешвози ин ҷашни муқаддасоти миллӣ аз шаҳри Душанбе манзур мегардад
СУРАТГУЗОРИШИ АМИТ «Ховар». Президенти Озарбойҷон дар намоишгоҳи давлатҳои СПЕКА бо маҳсулоти ғурфаи Тоҷикистон шинос шуд