ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, панҷшанбе, 306-умин рӯзи соли 2023 аст
2 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистон ва 12 ташкилоти донорӣ стратегияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
2 ноябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вақти Шурои кантонҳои Парламенти Швейтсария Ҳанс Алтер доир ба ҳамгироӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд доир шуд.
***
2 ноябри соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум (11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе) фармон ба имзо расониданд.
***
2 ноябри соли 2016 дар Минск дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзуи «Оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ва оид ба масоили бехатарии Аврупо» байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварат баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид.
***
Соли 2017 Душанбе ва Ашқобод аҳди бародарӣ бастанд. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқободро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси шаҳри Ашқобод Шамуҳаммет Дурдилиев ба имзо расониданд.
***
2 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
***
2 ноябри соли 2022 дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бохтар-шифер»-ро мавриди истифода қарор доданд.
2 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Мексика ва Эквадор — Рӯзи ёдоварӣ.