ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, чоршанбе, 326-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 22, 2023 08:00

22 ноябри соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

***

22 ноябри соли 2002  дар «Конгресс-сентр»-и шаҳри Прага Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити давлатҳои аъзои Шурои шарикии Аврупою Атлантика, ки кишварҳои НАТО ва барномаи «Шарикӣ ба хотири сулҳ» (ҳамагӣ 46 давлат) аъзои он мебошанд, суханронӣ намуданд.

***

22 ноябри соли 2016 дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 Сафири Фавқулода ва Мухтори давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома қабул намуданд.

 ***

22 ноябри соли 2013 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар самтҳои амният, ҳарбӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва гуманитарӣ муҳокима шуданд.

***

7 сол пеш, 22 ноябри соли 2016 паҳлавони маъруфи тоҷик Парвиз Собиров дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016),  ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд,  сазовори ҷои якум ва медали тилло  гардид.

***

22 ноябри соли 2018 бахшида ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 Парлумони Испания Конститутсияи навро қабул намуд.

***

22 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

22 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

22 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Ливан – Рӯзи истиқлол.

Ноябрь 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст