ҲУНАРОМӮЗИИ ЯК МИЛЛИОН НАФАР. Бо ин мақсад «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст

Ноябрь 19, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 19.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» зиёда аз 125 ҳазору 380 нафар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуд, ки аз ин 58 ҳазору 712 нафарро занону духтарон ташкил медиҳад. Ҷиҳати мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳасилини муасисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар корхонаҳои азими саноатӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ таҷриба омӯхтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре аз Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеояд, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардидааст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар ин Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ҳунар надоранд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №703 «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки тибқи он дар панҷ соли оянда ба касбомӯзӣ ҷалб намудани 1 миллион нафар пешбинӣ шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки 28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Тибқи қарори мазкур, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардидааст, ки ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод намояд.

Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.

Ин Консепсия бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятҳои асосии рушди ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 январи соли 2021 дарҷ гардида буд, ки «Тибқи таҳлилҳо, сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад».

«Ҳоло дар мамлакат муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, маркази таълими калонсолон кадрҳои коргарӣ тайёр мекунад. Дар асоси дастури мо имсол дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ боз 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамояд. Аммо аз рӯйи маълумот, қисми зиёди таҷҳизоти таълимӣ дар ин муассисаҳо фарсуда гардида, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир омӯзонида намешавад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ намерасанд. Аз ин рӯ, барои ислоҳоти ҷиддӣ, навсозии низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд», -супориш дода буданд Сарвари давлат.

Чиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 429 аз 6 сентябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки ба зиммаи он таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат 15 сол аст Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон фаъолият дорад, ки барои таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисоси коргарӣ саҳми босазо мегузорад. Дар ин муддат дар Маркази мазкур қариб 500 ҳазор шаҳрванд дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб гардидаанд. Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон айни замон бо фарогирӣ аз 34 филиал, шаҳрвандонро аз рӯи 110 касбу ихтисос омода намуда, ба бозори меҳнат пешниҳод менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаҳои боз

Ноябрь 19, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАМИЯТИ СИЁСИИ МАҚОМИ ПОЙТАХТ. Вакили Маҷлиси намояндагон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
Дар ноҳияи Данғара ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд
Дар Русия Форуми 3-юми рақамӣ оид ба соҳаи тандурустӣ доир шуд
Барои оилаҳои хонаҳояшон дар натиҷаи заминларза вайроншудаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар мавзеъҳои амн қитъаи замин ҷудо карда мешавад
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном