ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Пагоҳ дар Тоҷикистон боронҳои бошиддат ба амал меоянд
ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, дар водиҳо ва мавзеъҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд.
9 ноябр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр борон бо гузариш ба барф ба амал меояд.
Бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд. Дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдаравӣ ва чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.
Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, бахусус ронандагон бояд қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






