Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ (Армрестлинг) сазовори ҷойи якум гардид

Ноябрь 24, 2023 16:35

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дастхобонӣ (Армрестлинг) ҷойи якумро ба даст оварда, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа аз 17 то 25 ноябр даp шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад.

Mусобиқа байни ҷавонон ва калонсолони маъюб доир шуда,  варзишгари тоҷик Акмал Қодиров дар вазни +90кг ҳарифони худро мағлуб намуд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон аз 60 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Ба ифтихори дастоварди варзишгари тоҷик Акмал Қодиров Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2023 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд