ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР МАСИРУ ПАСМАНЗАРИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он асоси музаффарияти Тоҷикистон ва устувории сиёсию маънавии ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ аст

Ноябрь 8, 2023 14:52

ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ватандӯстӣ ва нангу номуси ватанпарастӣ ҳамчун омили барангезандаи ғояи миллӣ дар рушди давлату миллат нақши муҳим дошта, он асоси идеологии мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои нави замони муосир дар фаъолияти сиёсии давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ватандӯстӣ неруи иттиҳодбахше аст, ки пояҳои маънавию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаро устувор намуда, дурнамои рушду таҳкими давлатдории миллиро дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ равшану возеҳ месозад. Сарфи назар аз он ки ҷомеа аз гурӯҳҳои гуногунфитрату гуногунандеша иборат аст, аммо ватандӯстӣ ва нангу номуси ватандорӣ барои ҳар фарди миллат, ки худро ҷузъи ҷудонашавандаи ватанаш- Тоҷикистон мешуморад, рамзи ҳувияту сарбаландӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ватандӯстӣ мафҳуми васеъ буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад.

Ин падида дар раванди таҳкими пояҳои сиёсию маънавӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа махсусан умда арзёбӣ гардида, барои тарбияи миллии ҳар фарди ҷомеа дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ хислати ҳаётан муҳим дорад. Эҳсоси ватандӯстӣ дар заминаи бедории умумии миллӣ имконпазир мегардад ва он рукни муҳимтарини миллати ҳушманд маҳсуб мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ватандӯстиро дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ шоистаи мақому мартабаи намоён дониста, онро омили  таҷассумкунандаи ғояи миллӣ ва ифтихору ору номуси давлатдории миллӣ муаррифӣ сохтааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000-ум дар паёми телевизионӣ бахшида ба               солгарди 9-уми Истиқлолияти давлатӣ роҷеъ ба ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат чунин ибрози ақида намуда буданд: «Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил ҳар шаҳрванд бояд моҳияти давлати миллиро дарк намуда, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад». Маҳз ҷасорати сиёсӣ, ҳисси ватанхоҳӣ, ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандӯстии Пешвои миллат аст, ки дар самти бедор гардидани эҳсоси ватандӯстии миллат баҳри рушди давлатдории миллӣ гомҳои устувор бардошта шуданд. Аз ҷумла, дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.03.1995 қарор «Дар хусуси дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки ҳадафи аслияш рушду нумӯи худшиносии миллӣ, маҳбубияту самимият ба ватану миллат мебошад.

Ҳар шахс асли ватандӯстиро дар масири худҷӯӣ ва мансубияту муносибати худ бо сарзамину ҷомеа мушаххас дарк намуда, ҳимояи марзу бум, татбиқи манфиатҳои бақодорӣ ва равнақу пешрафти онро вазифаи муқаддаси худ медонад.

Ватандӯстӣ аз калимаи лотинии patris — «Ватан» гирифта шуда, муносибати ҳассосу отифии фардро нисбат ба ватан ва марзу бумаш нишон медиҳад, ки онҳо дар маҷмуъ бо андешаҳои космополитикӣ мухолифати оштинопазир доранд. Асли ватандӯстиро арзишҳои маънавию фарҳангӣ ташкил дода, он самтнокии сиёсати солими миллиро таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи миллӣ руҳияи ватандӯстӣ махсусан муҳим мебошад. Дар ин замина ҳувияти миллӣ ба эҳёи ифтихороти миллӣ боис гардида, омили устувори ваҳдату ягонагии миллӣ, самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва амну суботи мамлакат маҳсуб мешавад. Бешубҳа, шукуҳи мамлакат аз номуси ватандӯстии фаъолони сиёсии ҷомеа ва ҳар сокини мамлакат вобастагии амиқ дошта, уфуқҳои ифтихори миллиро устувор менамояд. Аз ин рӯ, густариши ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар шароити давлатдории миллӣ иқдоми наҷиб маҳсуб шуда, ба раванди тараққиёти мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Махсусан дар шароити пуртазоди ҷаҳоникунонӣ падидаҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ғурури миллӣ, ифтихори миллӣ, ҳувияти миллӣ ва нангу номуси миллӣ барои ҳар давлати миллӣ силоҳи калидӣ буда, хислату аҳамияти стратегию ҳаётан муҳим дорад. Давлати миллӣ маҳз тавассути ин падидаҳо метавонад тарбияи миллию маърифати ватандории шаҳрвандони худро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, пояҳои мавҷудияти худро устувор намояд. Бидуни шак, ҳар фарди миллат бо ватандӯстию нангу номуси миллии худ метавонад дар рушду равнақи мамлакат нақши бориз гузорад. Аз ин рӯ, ватандӯстӣ ва нангу номуси миллӣ дар низоми давлати миллӣ мавқеи хос дошта, дар ҳама давру замон масъалаи ҳассоси сиёсӣ маҳсуб шуда, тамоюли тараққиёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат муайян менамояд. Ҳамчунин ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз он ҷиҳат мавқеи муҳим доранд, ки бевосита ба масъалаҳои тақдирсози давлату миллат тавъам буда, ба инкишофу равнақи муносибатҳои солими дохилии миллӣ дар вақту фазои мухталиф робитаи қавӣ доранд.

Дар ин замина боло рафтани эҳсоси ватандӯстӣ ва таҳкими мақоми барҷастаи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ барои мардуми тоҷик, ки тақдири таърихии он дар гузаштаи дуру наздик аз нокомию фоҷеа, шикасту тазодҳо ва бурду бохт орӣ нест, махсусан муҳим мебошад. Тоҷикон давлати мутамарказеро дар Хуросони бузург бо номи Сомониён созмон дода буданд, ки он аз ҷиҳати дараҷаи инкишофи маънавию иҷтимоӣ ва илмию маданӣ дар ҷаҳони мутамаддини онвақта дар мақоми баланд меистод. Аммо мардуми тоҷик баъди заволи давлати мутамаркази Сомониён ҳамеша зери таъсири маҳдудияту ноадолатиҳои сиёсӣ қарор дошт ва дар тақдири сиёсии он неруҳои ғайр дастдароз буданд. Лекин инқирози давлати Сомониён маънои куллан аз байн рафтани қобилияти давлатдории тоҷиконро надошт. Маҳз фарҳанги баркамоли миллӣ буд, ки онҳо ҳастии худро дар муқобили шиканҷаи фарҳангию сиёсӣ нигоҳ дошта тавонистанд. Мардуми фарҳангию тамаддунсоз тавассути неруи зеҳнию маънавии худ забон, ҳувият ва дигар анъанаҳои ҳастии миллии худро ҳифз намуда, дар рушди илмию адабӣ ва минтақа саҳми арзанда гузошт. Дар маҷмуъ, таҳаввули фикриву маънавӣ ба фарҳанги давлатсолории тоҷикон неруи тоза бахшида, тоҷиконро дар арсаи ҳастии сиёсӣ нигоҳ медошт.

Таърихи сиёсии тоҷикон барои ташаккули ватандӯстию ифтихори миллӣ заминаи қавӣ буда, сабақҳои таърихии он омили муҳимтарини ваҳдату ягонагии миллӣ дар шароити кунунӣ мебошанд. Зеро масъалаи ҳувияту худогоҳӣ барои Тоҷикистони муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Тоҷикистон аз назари геополитикию мавқеи ҷуғрофияш дар макони бархӯрди даъвоҳои геостратегии қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад. Мо зарурати рушду таҳкими худшиносии миллии тоҷиконро, пеш аз ҳама, аз он мавқеъ зарур мепиндорем, ки он бевосита ба решаҳои ҳастии давлати миллӣ робитаи ногусастанӣ дошта, рукни муҳими давлатсолории миллат мебошад. Илова бар ин, таҳаввули ин падидаро метавон ҳамчун сабақи таърихӣ барои тоҷикон арзёбӣ намуд.

Бояд иброз намуд, ки яке аз сабабҳои нооромиҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон заиф будани эҳсоси ифтихори миллӣ ва паст будани сатҳи худшиносии мардуми тоҷик буд. Маҳз ватандӯстию хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқу фарзонааш буд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси тақдирсоз давлату миллати тоҷикро аз вартаи парокандагию нобудӣ раҳо намуда, ба маҷрои рушду инкишофи бомаром вориду равон намуд.

Ҳамин тариқ, ватандӯстӣ омили устувори таҳкимдиҳандаи ғояҳо ва ормонҳои волои миллӣ буда, он ҳамчун асоси тафаккури миллатсозӣ решаҳои вуҷудии давлатро дар шароити равандҳои пуртазоди минтақа ва ҷаҳони муосир устувор менамояд. Ватандӯстӣ рамзи садоқату маҳбубият, асоси музаффарияти Тоҷикистон ва устувории сиёсию маънавии ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.

Адабиёт:

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 09.09.2021, шаҳри Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Нашриёти «Ирфон», 2020с.

Субҳон ҚУРБОНОВ,
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ,

Ноябрь 8, 2023 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд