Ҳайати Корея бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр ҳайати Ҷумҳурии Корея, ки бо мақсади омӯзиши раванди ба низоми иҷозати кор (EPS) ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо омадааст, бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.
Ҳайат нахуст бо ҷараёни омӯзиш дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара ва корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо, ки дар доираи амали лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бо кор таъминшавӣ» дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бунёд мегардад, шинос шуд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказ ва ҳамин гуна марказҳое, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд мегарданд, касбу ихтисосҳои мавриди талаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.
Таъкид гардид, ки омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди талаботи кордиҳандаи Ҷумҳурии Корея низ дар заминаи ин марказҳо, ки соли 2024 ба фаъолият шуруъ менамоянд, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар ҳайати меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонии марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон шинос шуданд. Ба онҳо имконоти омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ муаррифӣ шуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






