Ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шуро Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода иттилоъ дод.
Дар он аъзои Шуро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва масъулини соҳаи варзиши мамлакат иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шуро Матлубахон Сатториён суханронӣ намуд. Ӯ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Бояд иброз дошт, ки дар ҷаласа масъалаҳо оид ба ҳисоботи натиҷаи соҳа дар солҳои 2022-2023, ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (Париж-2024), равон намудани варзишгарони мамлакат ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳи варзиш, Тасдиқи нақшаи кори Шуро барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи варзиши мамлакат ва федератсияҳои варзишӣ сухан гуфта, дархосту пешниҳодҳои худро вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа манзур намуданд.
Ҳамзамон раиси Шуро якчанд вазифаҳои барои рушди соҳаи варзиши мамлакат муҳимро ба саҳми аъзои Шуро расонид.
Дар интиҳо раиси Шуро котиботи ҷаласаро уҳдадор намуд, ки суратҷаласа ва Нақшаи кори Шуроро то 5 январи соли 2024 таҳия намуда, барои мувофиқа ва тасдиқ ба раиси Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






