Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти ректори он Жило Гулназарзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Рушайдон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.
Ректори Донишгоҳ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи муассиса, самти робитаҳои хориҷиӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва раванди таълим дар шуъбаи забони арабӣ маълумот дод.
Сафир Валид ибни Абдураҳмон Ар-Рушайдон барои пазироии самимии тоҷикона изҳори сипос намуда, оид ба тавсиб расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳ ва муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ ибрози назар намуд.
Дар чорабинӣ барномаҳои фарҳангию адабӣ, қироати назму наср ва намоиши арзишҳои гардишгарии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикию арабӣ барои ҳозирин тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






