Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Декабрь 30, 2023 13:46

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт».

Эмомалӣ Раҳмон, 10 марти соли 2012

Ҳафтаи равон нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Мароми пойтахт» ва дигар воситаҳои ахбори оммаи чопӣ оид ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналхалқӣ, варзишиву фарҳангӣ мақолаву хабар ва гузоришҳои касбӣ чоп намуданд.

АМИТ «Ховар» ба ду мақолаи нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 26 декабри соли 2023 дар мавзуи мактаби илмии таърихшиносии тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мақолаи аввал бо сарлавҳаи «Бобоҷон Ғафуров ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик» ба қалами директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, доктори илми таърих, профессор Убайдулло Насрулло тааллуқ дорад. Муаллиф навиштааст, ки ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик бо номи академик Бобоҷон Ғафуров алоқаманд мебошад. Зеро маҳз Бобоҷон Ғафуров бо коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, методологияи он, бавижа даврабандии таърихи халқи тоҷик, гузориши масоили пажуҳишӣ, таҳқиқоти бунёдӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои таърихӣ, муаррифии таърихи халқи тоҷик дар дохил ва беруни мамлакат ва иштироки бевосита дар ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси пажуҳишӣ нақши барҷаста гузоштааст. Муаллифи мақола аз мақолаҳои Бобоҷон Ғафуров, ки дар нашрияҳои давр чоп шуда буданд, ёдоварӣ намудааст: «Танҳо давоми соли 1940-ум 13 мақолаи илмӣ-оммавии Б. Ғафуров доир ба мавзуъҳои таърихӣ тавассути воситаҳои ахбори умум бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ ба чоп расидаанд. Рӯ овардани академик Бобоҷон Ғафуров ба пажуҳиши илмии таърихи халқи тоҷик ба охири солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд». Сабаби таваҷҷуҳ ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз тарафи Бобоҷон Ғафуров аз як тараф тавассути фаъолияти рӯзноманигорӣ ошноии бештар пайдо намудан ба масоили таърихӣ бошад, аз тарафи дигар огоҳии Бобоҷон Ғафуров аз авзои сиёсию ҳуқуқии мардуми тоҷик, маҳдуднамоии сунъии ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷик дар ибтидои асри XX ва ду даҳсолаи аввали ҳокимияти шуравӣ мебошад. Ҳамин буд, ки соли 1942 бо ҳамроҳии Н. Прохоров мақолаи илмӣ доир ба муборизаи халқи тоҷик ба муқобили ғосибони бегона ва истилогарон дар маҷмуаи  «Кори мо ҳақ, душман саркӯб хоҳад шуд» ба нашр мерасад ва соли 1944 дар заминаи ҳамин мақола рисолаи илмии Б. Ғ. Ғафуров ва Н. Н. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» аз чоп баромад. Баъд аз як сол маҷмуаи «Мавод оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» китоби якум аз ҳамин силсила таҳти роҳбарӣ ва назари Бобоҷон Ғафуров аз чоп мебарояд.

Муаллифи мақола иброз доштааст, ки рисолаи илмии «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ. Очеркҳо аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» арзиши бузурги илмӣ дорад, зеро:   «бори аввал муаллифон ҷасурона таърихи тоҷиконро дар алоҳидагӣ ва тибқи талаботи методологияи нав ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд. Дар он шароит, ба чунин шакл манзур намудани таърихи халқи тоҷик ва, ба замми он, ҳамчун сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни минтақа муаррифӣ намудани тоҷикон ғайрату ҷасорати беандоза талаб мекард». Академик Ғафуров таърихи пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси воҳид ва аз қадим сокинони бумии ин минтақа будани онҳо, дар заминаи халқҳои ориёии шарқиэронӣ ташаккул ёфтани тоҷиконро ба миён мегузорад. Бар замми ин,  оид ба пайдоиши истилоҳи тоҷик мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид менамояд: «Истилоҳи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») мебошад, алоқаманд аст. Калимаи тоҷик маънои «одами тоҷдор»-ро дорад. Ақидае ҳаст, ки бори нахуст истилоҳи «тоҷик» маҳз бо ҳамин маъно дар асри II то милод истифода шудааст ва он дар сарчашмаҳои таърихии Чин доир ба шоҳигарии Тяожи ҳаст».

Профессор Убайдулло Насрулло навиштааст, ки Бобоҷон Ғафуров таърихи халқи тоҷикро на дар чаҳорчӯбаи ҷумҳурии шуравӣ, балки дар тамоми қаламрави тоҷикнишин — Варорӯду Хуросон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Осори таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон, ки имрӯз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мондаанд, мансуб ба таъриху тамаддуни тоҷиконанд, на ба он мардуме, ки имрӯз он ҷо сукунат доранд. Академик Ғафуров бо асарҳои безавол ва бунёдии худ консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро мураттаб намуда, ҳудудҳои асосии ташаккули халқи тоҷикро чун этнос илман асоснок намуда, даврабандии комилан илмии таърихи халқи тоҷикро пешниҳод намуд. Консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ки Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намудааст, аз ҷониби олимони шинохта ва марказҳои бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътироф ва дастгирӣ қарор гирифтанд ва он имрӯз низ қимати илмии худро аз даст надодааст.

Муаллифи мақола ҳамчунин аз талошҳои академик Бобоҷон Ғафуров баҳри ташкили нахустин донишгоҳи давлатӣ (ДМТ), Академияи илмҳои Тоҷикистон, таъсиси институти мустақили таърих ҳамчун маркази асосии омӯзишу таҳқиқи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии тоҷик, нахустин директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш таъйин намудани донишманди шинохта ва донандаи таърихи халқи тоҷик А. Семенов, ҷалби гурӯҳи калони олимони барҷаста: М. С. Андреев, А.Ю. Якубовский, М.М. Дяконов, А.М. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б.А. Литвинский, Е.А. Давидович барои фаъолият дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки  «ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҷалб шудани ин муҳаққиқон боиси пешравии фаъолияти муассиса ва афзоиши мақоми таърихшиносии тоҷик дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Иқтидори илмии Институт ва доираи баррасии масоили мавриди таҳқиқ бамаротиб вусъат ёфта, фаъолияти густурдаи муассиса дар самтҳои таърихшиносию таърихнигорӣ, фарҳангшиносӣ, маъхазшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ ва дигар шохаҳои илми таърих амалӣ шуд».

Дар идомаи мавзуи ташкил ва ташаккули мактаби тоҷикшиносӣ журналисти нашрия, шоир Бузургмеҳри Баҳодур бо сарлавҳаи «Осорномаи илми тоҷикшиносӣ нест. Чаро?» мулоҳизаҳои худро чоп намудааст. Муаллифи мақола дар оғоз навиштааст, ки ифодаи «тоҷикшиносӣ», ки имрӯзҳо ҳамчун илми алоҳида шинохта мешавад, ҳанӯз 215 сол қабл тавассути мақолаи «Тоҷикон»-и дипломат ва сиёсатмадори Британияи Кабир Маунтстюарт Элфинстон  маълум гардид. То дарёфти он гумон мерафт, ки аввалин матлаби хориҷиён оид ба ин мавзуъ асари ҳамноми афсари рус Афанасий Гребёнкин (соли 1872) аст. Аммо ин даъворо ин мақола ботил сохт. Баъдтар, китоби А. Шишов «Таджики» (Тошканд, соли 1910), В. В. Бартолд «Таджики» (соли 1925), Н. А. Кисляков «Таджики» (Маскав, соли 1960) ва ниҳоят соли 1972 асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» рӯи чоп омад ва кохи бузурги тоҷикшиносӣ дари худро ба рӯи ҷаҳониён боз намуд.

Бо вуҷуди чунин таърихи бошукуҳу тӯлонӣ ва доштани осори бешуморе дар ин илм ҳанӯз ҳам осорномаи (библиография, китобнома, феҳристи адабиёт) тоҷикшиносӣ надорем, ки ҷои дареғ аст.

Тасаввур намоед, агар пажуҳишгари таърих (ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи мамлакат) барои пайдо намудани таҳқиқоту таълифот дар бораи номвожаҳои «тоҷ», «тоҷик», «тоҷикон», «тоҷикӣ», «забони тоҷикӣ», «тоҷикона» ва «Тоҷикистон» кӯшиш намояд, мутаассифона, ҳеҷ сарчашмаи мукаммале нахоҳад ёфт, то ба дардаш бихӯрад.

Дар ҳоле ки Президенти мамлакат ба Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ супориш доданд, барои довталабони ин ҷоиза ҳастии китобномаи «Тоҷикшиносӣ» айни муддао аст.

Дар хотимаи мақола муаллиф навиштааст: «Ҳамчунин вақти он расида, ки дар заминаи хониши ҳамагонии «Тоҷикон» дар доираи озмунҳои «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат», ««Тоҷикон» дар оинаи таърихи миллат» Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ ба Пажуҳишгоҳи «Тоҷикшиносӣ» табдил дода шавад, то омӯзишу таҳқиқ дар самти таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон вусъати тоза ёбад».

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 30, 2023 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд