Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати русии «Цифра» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Цифра» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.
Санади мазкур робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо эътирофи аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти шабака, густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар рушди системаи тиҷорати электронӣ, тасдиқи аҳамияти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Тоҷикистон, таҳкими хадамоти почта ва IP-телефония танзим менамояд.
Дар ин замина таҳкими ҳамкории дуҷониба дар рушди дастрасии интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G) ва пайвастшавӣ ба интернети байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин Ёддошти ҳамкорӣ ташкил ва гузаронидани машварату чорабиниҳои муштарак, вохӯриҳои иттилоотӣ, вебинарҳо ҷиҳати таҳкими робитаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷрибаи иттилоотӣ, ташаббусҳо ва барномаҳои миллӣ дар соҳаи рушди коммуникатсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мубодилаи таҷриба дар таҳияи стратегияҳои минтақавӣ, сафарҳои миёна ва дарозмуддат ва шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки манфиатҳои тарафайнро ифода месозад, дар бар мегирад.
Ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанба бо ширкатҳои хориҷӣ ба раванди ислоҳот ва навсозии шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони нав мебахшад. Оғози ҳамкории ҶДММ «Цифра» низ бо ҳамин мақсад роҳандозӣ гардидааст.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






