Бар асари бархӯрди якчанд мошин дар Туркия 11 нафар ба ҳалокат расид

Декабрь 29, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари пай дар пай ба ҳам бархӯрдани мошинҳо дар Туркия 11 нафар ҳалок ва 57 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаи давлатии телевизион ва радиои TRT хабар додааст.

Садама дар шоҳроҳи Мармараи шимолӣ, дар наздикии вилояти шимолу ғарбии Сакарёи Туркия ба амал омад. Дар натиҷаи садамаи пай дар пайи аз сабаби тумани ғафс рухдода дар ноҳияи Дагдибии самти Истанбул ҳафт мошин, аз ҷумла се автобус ва як мошини боркаш  ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳокими вилояти Сакарё Ясар Карадениз ба шабакаи давлатии телевизиону радиои TRT иттилоъ дод, ки ба зарардидагон дар даҳ беморхонаи гуногун кумак мерасонанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 29, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад