БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд

Декабрь 29, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 29.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аст, ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамунсозанда барои рушди  соҳаҳои гуногуни иқтисоди  миллӣ  барои солҳои минбаъда мебошад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори  «АМИТ «Ховар» устоди Донишгоҳи  байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Файзиддин Қодирзода.

Мавсуф афзуд, ки  Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём дар мавриди рушди соҳаи сайёҳӣ бо такя ба самтҳои гуногуни рушди иқтисоди  мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Сайёҳӣ  яке аз соҳаҳое  мебошад, ки аз рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат вобастагии зич дорад. Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ҷиҳати беҳдошт ва ҳифзи ёдгориҳои таърхӣ–фарҳангӣ ва дар ин замина пешниҳоди таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ, сабзазоркунӣ ва ободу зебо гардонидани тамоми гӯшаю канори мамлакат,  баланд бардоштани фарҳанги муошират, донистани забонҳои хориҷӣ- ҳамаи ин омилҳо  имкон доранд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат заминаи калидӣ гузоранд.

Устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон  иброз намуд, ки Паёми навбатии Президенти  Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммал барои дурнамои  рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат маҳсуб мешавад, зеро ба тавсеаи  соҳаҳои гуногуни  иқтисоди ҷумҳурӣ заминаи устувор мегузорад.

Ба андешаи Файзиддин Қодирзода, дар ҳоли татбиқи амалии дастуру супоришҳои  созандаю  бунёдкоронаи Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеоянд, мо метавонем Тоҷикистонро дар наздиктарин муддат ба давлати пешрафтаю шукуфо ва  сарзамине, ки сокинонаш зиндагии  шоиста доранд, табдил диҳем.

АКС аз манбаъҳои  боз

Декабрь 29, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон