БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Он ҳуҷҷати муҳиме аст, ки тарҳи зиндагии шоиста ва расидан ба қаламрави саодати миллиро муайян месозад

Декабрь 30, 2023 08:42

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Душанбе  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.

Дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Хабарнигор  Фирӯз Ҷумъазода, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ иштирок дошт, андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин иброз намуд:

«Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ин амрро собит намуд, ки воқеан ҳам Паёми Сарвари давлат дар низоми давлатдории навини мо ҳуҷҷати муҳиме аст, ки тарҳи зиндагии шоиста ва расидан ба қаламрави саодати миллиро муайян менамояд.

Пешвои миллат дар оғоз бо таҳлили амиқу дақиқи рӯйдодҳои соли 2023 онро барои ҷомеаи мамлакати мо дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ соли бобарор арзёбӣ намуданд. Дар сархати Паёми Сарвари давлат қарор гирифтани ин нукта ишора ба он дорад, ки мардуми шарафманди тоҷик дар партави сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон канори ҳам қарор гирифта, дар рушду пешрафти Ватани азиз боз як масири тозаро тай намуд. Ин дар ҳоле аст, ки соли равон хатару мушкилоти зиёд вазъи ҷаҳонро боз ҳам мураккаб сохта, инсониятро дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои пешгўинашаванда қарор додаанд. Дар чунин вазъи ташвишовар ба пешрафту музаффарияти назаррас даст ёфтан нишони сиёсати устуворе аст, ки бо истифода аз захираву имконияти нави рушд моро ба қаламрави саодат ва ояндаи боз ҳам дурахшон раҳнамун месозад.

Агар ба нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру нишондодҳои Сарвари давлат аз равзанаи хирад ва оини ватандорӣ назар андозем, бояд ҳар ҳарфу ҳиҷои онро дар дафтари рӯзгори хеш сабт намоем. Зеро, моҳиятан ин ҳуҷҷати муҳим барои фатҳи уфуқҳои нави зиндагӣ ва расидан ба армонҳои ниҳоии миллӣ барои мардуми шарафманди тоҷик заминаи асосиву устувор муҳайё менамояд.

Аз ин нуқтаи назар, агар ҳар фарди худогоҳ дар татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саҳм гузорад, дар ин сурат, пеш аз ҳама, ба зиндагии шоистаи худ кафолат мебахшад».

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 30, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот саъю талош менамояд
Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз ҷузъҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид гардид
Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд