«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2027». Дар Душанбе ҷараёни иҷрои он баррасӣ шуд

Декабрь 25, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 25.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе оид ба ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 тасдиқ шудааст, ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе.

Тазаккур дода шуд, ки ин Барнома бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо маводи контрасептивӣ, ба кормандони соҳа омӯзонидани солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл таҳия шудааст.

Ҳамзамон ҳадафи Барнома- таҳияи маводи иттилоотӣ, маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, беҳбудии саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ маҳсуб мешавад.

Вазифаҳои Барнома ба ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ равона шудаанд.

Дар ҳамоиш як гурӯҳ иштирокчиён доир ба ҷараёни иҷрои барнома маъруза намуданд.

АКС: Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

Декабрь 25, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд