Барои омӯзгорони шаҳри Душанбе маҷаллаи «Маориф: таҳлил ва иттилоот» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 18.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади нашри мақолаҳои таълимӣ, методӣ, таҳлилӣ, илмӣ, оммавӣ, баррасии мушкилоти соҳа ва ёрии методӣ ба омӯзгорон дар назди Маркази таҳлилӣ — иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маҷаллаи «Маориф: таҳлил ва иттилоот» таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи маҷалла мусоидат ба рушди илмҳои педагогикӣ, равоншиносӣ, инъикоси фаъолияти пурсамари аҳли маорифи пойтахт, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт ва инъикоси дигар паҳлуҳои соҳа мебошад.
Омӯзгорон метавонанд аз ин минбар таҷрибаи худро паҳн сохта, доир ба дастовардҳои илмҳои педагогикаву психология, мактабшиносӣ, усулҳои муосир ва пурсамари тадриси фанҳои таълимӣ мақолаҳо нашр намоянд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






