Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкор-мутахассиси соҳаи байторӣ Саидмумин Солизода бо риояи талаботи муосир сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ошёнаи якуми бино дорухона ва мағозаи фурӯши хӯроки чорво ҷойгир шуда, ҳамзамон дар оянда дар як қисмати он иловатан нуқтаи бордоркунии сунъии чорво низ ба нақша гирифта шудааст. Ошёнаи дуюми бино барои гузаронидани ҷаласаҳо, машварат ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи байторию зотпарварӣ дар назар дошта шудааст.
Дар рӯзи ифтитоҳ дар он дар мавзуи «Тарзи дурусти истифодаи дорувории байторӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Иброз гардид, ки дар минтақа саршумори чорвои хурду калон рӯ ба афзоиш дорад, бинобар ин ифтитоҳи чунин дорухонаи нави байторӣ дар минтақа ба он мусоидат менамояд, ки чорводорон сари вақт дорувориҳоро дастрас намоянд. Ба истифода додани чунин дорухонаҳои байторӣ, нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки чорво минбаъд ба афзун гардидани саршумор ва маҳсулоти чорво дар қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат имконияти хуб фароҳам меорад.
Дар ифтитоҳи марказ намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон, ширкатҳои воридкунандаи дорувории байторӣ, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ, инчунин собиқадорону мутахассисони соҳаи байторӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






