Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони соҳа ва коршиносони хориҷӣ иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конференсия таҳти унвони «Равишҳои инноватсионии пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. Консепсияи кам намудани зарари омилҳои хатар» доир шуда, ҳадаф аз он табодули таҷриба бо коршиносони давлатҳои хориҷӣ доир ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва омӯхтани таҷрибаи мамлакатҳои дигар ба шумор меравад.
Дар он як зумра коршиносони дохиливу хориҷӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ сухан гуфта, ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳо ва ҷароҳатҳои ғайрисироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023» амалӣ мегардад.
Мақсади ин стратегия таҳия ва татбиқи низоми фаъол ва муассири ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад, ки нақши пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ ва ҷароҳатҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мегирад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






