Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон гузаронида мешавад, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дорад.
Дар барнома ба иштирокдорон туҳфаҳо тақдим шуда, ҳамзамон аз ҷониби масъулин ба шарикони ҳамоиш барои ҳамкории судманд сипосномаҳо тақдим гардид.
Дар бахши фарҳангӣ-фароғатии барнома ҳунармандони эстрадаи тоҷик ва Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар тамоми ҷаҳон 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон маҳсуб мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд






