Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардид

Декабрь 16, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ  дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷумҳурӣ судманд мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

Иброз гардид, ки  ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкории гумрукӣ фароҳам овардани мубодилаи электронии маълумоти гумрукии байни мақомоти гумруки ду давлат муҳим мебошад.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкориро дар баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба таҳияи лоиҳаи санади ҳамкорӣ оид ба мубодилаи мутақобилаи маълумоти омори гумрукии савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия ишора намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоҳибон ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ  намуданд.

Таъкид гардид, ки  вохӯрии мазкур ба рушди босуръати ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳким ва густариши  он дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд