Дар ИМА зиёда аз 1600 фавт аз зуком сабт гардидаст
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳисобҳои охирини марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), дар ин мавсим дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳадди ақалл 2,6 миллион бемор, 26 ҳазор бистаришуда ва 1600 фавт аз зуком сабт гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи таҳқиқоти ҳарҳафтаинаи марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо, фаъолнокии зукоми мавсимӣ дар аксари манотиқи кишвар афзоиш ёфта, зимнан минтақаҳои ҷанубу шарқӣ ва ҷанубу марказии мамлакат оид ба сатҳи баландтарини фаъолнокӣ гузориш додаанд.
Шумораи ҳарҳафтаинаи бистаршавӣ ба бемории зуком идома меёбад.
Марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) тавсия медиҳанд, ки ҳамаи калонсолон ва кӯдакони 6-моҳа ва аз он боло ҳар сол аз ваксинаи зуком эм шаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






