Дар Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс оид ба дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷамъбаст шуд

Декабрь 20, 2023 10:07

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи минтақавии бокс байни наврасону ҷавонони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ҳисор барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор» ҷамъбаст шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Мусобиқаи минтақавии бокс бо  сарпарастии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр гузаронида шуда,  дар  он 52 нафар  наврасону ҷавонон дар вазнҳои то 20, 25, 30, 35, 40, 45, 50, 55 ва то 60 кг қувва озмуданд.

Бо хулосаи ҳайати ҳакамон камарбанди сиёҳи мусобиқа насиби Сайфиддин Асоев  дар вазни 52 кг аз шаҳри Душанбе гардид. Аз рӯи ҳамаи вазнҳо шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи якум ва сазовори «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор» гардид.

Мақоми дуюмро  варзишгарони шаҳри Душанбе ва мақоми сеюмро шаҳри Турсунзода соҳиб шуданд. Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ Диплом ва ҷоизаву медалҳо тақдим шуданд.

Баргузории мусобиқаи варзишии бокс байни  наврасон ва ҷавонон ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Декабрь 20, 2023 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд