Дар Нигерия аз оғози соли равон 200 ҳолати фавт аз табларзаи Ласса сабт гардидааст
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Нигерия давоми 11 моҳи охир сарфи назар аз чораҳои пурзӯри ҳукумат барои коҳиш додани сироят дар мамлакат на кам аз 200 ҳолати фавт аз табларзаи Ласса сабт гардидааст, хабар додааст «Синхуа» бо истинод ба Маркази миллии назорати бемориҳо дар Нигерия.
Тибқи гузориши охирин оид ба вазъияти табларзаи Ласса, ки рӯзи шанбе нашр шуд, Маркази миллӣ аз 1 170 ҳолати тасдиқшуда дар 114 минтақаи мунитсипалии 28 иёлат аз аввали соли равон то 3 декабр хабар додааст.
Бо назардошти шумораи кунунии фавтҳо, сатҳи фавт аз хуруҷи табларзаи Ласса тибқи гузориши идораи ҷамъиятӣ-тандурустӣ, 17,1% -ро ташкил медиҳад.
Маркази миллӣ ба минтақаҳо ва марказҳои табобатӣ лавозимоти тиббиро фаъолона тақсим намуда, сатҳи мониторинг ва огоҳсозии мардумро ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин беморӣ беҳтар менамояд. Табларзаи Ласса, ки бар асари вируси ба воситаи калламушҳо интиқолшаванда ба вуҷуд омадааст, аломатҳои шабеҳ ба вараҷаро дорад ва дар Африқои Ғарбӣ чун мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






