Дар ноҳияи Фархор барои обёрӣ намудани заминҳо панҷ пойгоҳи обкашӣ фаъолият менамоянд
ФАРХОР, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати омода намудани онҳо ба мавсими обёрӣ корҳо бо маром идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Аз ҷониби кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Фархор дар ҷӯйбори обрасони пойгоҳҳои обкашии мавзеъҳои Уртабуз, воқеъ дар деҳаи Саиди ноҳияи Фархор корҳои тозакунии ҷӯйбор идома дошта, қисмати зиёди корҳо дар ин самт аллакай ба анҷом расидаанд.
Тавре сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Абдуллохон Ҳусайнов иброз дошт, «то охири моҳи декабр бояд ин наҳри обрасонро пурра тоза намоем ва имрӯз чӣ дар мавзеи пойгоҳи обкашӣ ва чӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тозакунии наҳру ҷӯйборҳо идома дорад. Мо гуфта метавонем, ки соли 2024 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Фархорро пурра бо оби полезӣ таъмин менамоем».
Барои обёрӣ намудани заминҳои корами обӣ дар ноҳияи Фархор панҷ пойгоҳи обкашӣ амал менамоянд, ки заминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд. Ҳолати кории пойгоҳҳои обкаши тибқи иттилои масъулин, пайваста таҳти назорат қарор дошта, иншоот ба мавсими нави обёрӣ пурра омода мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






