Дар ноҳияи Хуросон 20 китобхона ба дӯстдорони мутолиа хизмат мерасонанд

Декабрь 17, 2023 14:55

ХУРОСОН, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти самарабахши масъулини бахши фарҳанги ноҳияи Хуросон сабаби он гардид, ки соли 2023 аз ноҳия 760 нафар дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гарданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар айни замон дар ноҳия 20 китобхона фаъолият менамояд. Аз ин шумора  як китобхонаи марказӣ, як китобхонаи бачагона ва боқимонда китобхонаҳои деҳот мебошанд, ки имрӯз сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намудаанд. Дар китобхонаи бачагонаи №6-и ноҳия, ки чанде пеш бо дастгирии сокинону соҳибкорон таъмири ҷорӣ гардид, баҳри хонандагон адабиёти зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва  ҳамарӯза дӯстдорони китоб аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.

Мудири китобхонаи бачагонаи №6-и ноҳия Фарзона Сафаралиева иттилоъ дод, ки «дар китобхона ҳамагӣ 2154 адад китоб мавҷуд мебошад, ки аз он 1184 адад бо забони тоҷикӣ ва 970 адад бо забони русиянд. Инчунин дар китобхона китобҳои тозанашри бисёре вуҷуд доранд. Ин аст, ки се нафар хонандагони мо дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуданд».

Дар китобхона ба хотири ҷалби наврасон ба китобу китобхонӣ ва аз худ намудани ҳунарҳои гуногуни миллӣ маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла рассомӣ, гулдӯзӣ, иншои беҳтарин ва дигар чорабиниҳо пайваста баргузор мешаванд. Дар ҳамин замина ба хотири боз ҳам афзун намудани сатҳи иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи маориф низ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ҷиҳати фароҳамсозии шароити таълиму тарбия ва аз худ намудани илмҳои муосир корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад