Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди шоҳмот баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров байни ҳайати шахсии Сарраёсат ва ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди шоҳмот баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Иширокчиён дар ҷараёни мусобиқа маҳорати баланд нишон доданд. Ҷойи якум насиби дастаи Сарраёсат шуда, ҷойи дуюмро дастаи қисми мустақили 15-уми ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро дастаи қисми 3-юми ҳайати Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиб гардиданд.
Ғолибони мусобиқа аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷом, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






