ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастҷамъӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб муайян гардид

Декабрь 13, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 13.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистонро оид ба футбол, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба Ҷоми Осиё-2023  27 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар омодагӣ мебинанд. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон   омодагиро ба чемпионати Осиё 16 декабр оғоз менамояд. Нахустин ҷамъомади тамринии даста аз 16 то 27 декабр дар Дубай баргузор мешавад. Сипас, дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар Абузабӣ аз 28 декабр то 7 январ ҷамъомади дуюми тамриниашро доир менамояд. 8 январ футболбозони мо ба Қатар мераванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.

Ҳайати дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  барои ҷамъомади таълимиву тамринии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Бӯризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия)

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 13, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд