ФУТБОЛ. Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё шомил гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Маҳмадалиева ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар шаҳри Ҷидда ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи КФО баргузор шуд, ки он барои Осиёи Марказӣ таърихӣ буд. Дар кори ҷаласа нахустин маротиба намоянда аз Тоҷикистон Миҷгона Маҳмадалиева — аъзои кумитаи иҷроия аз Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки вакили Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроия буд, аввалин зан аз минтақаи мо дар Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳисоб меравад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






