ФУТБОЛ. Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё шомил гардид

Декабрь 23, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 23.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Маҳмадалиева ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шомил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳри Ҷидда ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи КФО баргузор шуд, ки он барои Осиёи Марказӣ таърихӣ буд. Дар кори ҷаласа нахустин маротиба  намоянда аз Тоҷикистон Миҷгона Маҳмадалиева — аъзои кумитаи иҷроия аз Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки вакили Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроия буд, аввалин зан аз минтақаи мо дар Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳисоб меравад.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 23, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид