Иҷозатномаи «Вестерн Юнион ДП Восток» (Русия) бозхонд ва бекор гардид

Декабрь 26, 2023 14:52

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» иҷозатномаи ОНП  барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Вестерн Юнион», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ «Ташкилоти қарзии ғайрибонкии «Вестерн Юнион ДП Восток» дода шудааст, дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд ва бекор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин қарор, идораи низоми пардохт уҳдадор  шуд, ки  дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти марбутаро  ворид намояд.

Дар баробари ин, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки низоми пардохтии «Вестерн Юнион» фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз  моҳи сентябри соли 2023, ки оператори он ширкати Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса) мебошад, идома медиҳад. Дар айни замон хизматрасонии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб ба аҳолии мамлакат тавассути низоми пардохтии «Вестерн Юнион» пурра дастрас мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2023 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст