Кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ дастҷамъона тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» -ро, ки имрӯз мустақиман тавассути шабакаҳои телевизиони марказии ҷумҳурӣ пахш гардид, дастҷамъона тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардидааст. Нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 фоиз дар соли 2023 паст гардид. Ҳамчунин Пешвои миллат зарур шумориданд, ки соли 2024 татбиқи самараноки суръати рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024 равона намоянд.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозор, муҳайё намудани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ барои сокинони мамлакат сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд.
Кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро соли 2024 дар амал татбиқ менамоянд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»











Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






